Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнҳо ба ифтихори зодрӯзи президенти Туркманистон


Имрӯз дар саросари Туркманистон ҷашнгирии зодрӯзи раиси ҷумҳурии ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шурӯъ шуд. Мавлуди раҳбари Туркманистон ҳарчанд 29 июн асту ӯ дар ин рӯз 52-сола хоҳад шуд, аммо расонаҳои хабарии ин ҷумҳурӣ дар бораи макони таҷлил аз зодрӯзи вай мардумро аз ҳоло огоҳ мекунанд. Қарор аст дар арафаи ин ҷашнҳо китоби нави президент зери унвони "Ба самти пешрафтҳои нав" бояд аз дасти чоп баромада, бахши вижае дар осорхонаи миллии Туркманистон ба ифтихори президент ифтитоҳ шавад. Ҳамчунин дар парлумони Туркманистон баргузории нишасти вижае зери унвони "Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва тағйироти бузург дар даврони эҳёи навин" дар назар аст. Ҳафтаи ҷорӣ дар саросари Туркманистон намоишномаҳои консертиву ҳунарии зиёд низ ташкил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG