Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 кушта дар таркишҳои Ироқ


Имрӯз дар Бағдод дар натиҷаи инфиҷорҳо 18 нафар кушта шуданд. Таркишҳои мазкур ҳама ғолибан дар маҳалҳои шианишин ва ду рӯз баъди инфиҷори маргбори мошини борбари ҳомили бомбае дар шимоли Ироқ сурат гирифт, ки дасти кам 75 касро кушта бар ҷой гузошт. Шурӯъ аз 30 июн аксари 133 ҳазор сарбози амрикоӣ дар пойгоҳҳои воқеъ дар беруни пойтахт ва дигар шаҳрҳои Ироқ мустақар мешаванд ва то замоне, ки барои кӯмак даъват нашаванд, нахоҳанд тавонист вокуниши сареъ нишон диҳанд. Беруншавии нирӯҳо бахше аз созишномаест, ки тибқи он ҳама нирӯҳои амрикоӣ бояд то соли 2011 хоки Ироқро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG