Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои нав дар Бағдод


Имрӯз дар Бағдод дар натиҷаи таркиши ду бомба панҷ нафар кушта шуда 17 тан захм бардоштанд. Мақомоти амниятиву тиббии макони шианишини минтақаи Садри Бағдод гуфтанд, ки бар асари таркиши як бомбаи сарироҳӣ, ки аз болои он минибусе убур мекард, се донишҷӯи донишгоҳи маҳаллӣ кушта шуданд. Ин ҷавонҳо ба имтиҳони охирини худ равона буданд. 12 донишҷӯи дигар ва ронандаи минибус маҷрӯҳ шуданд. Дар таркиши бомбаи дигар болои посгоҳи полисе дар минтақаи Шаъби шимолушарқи Бағдод як зан ва кӯдаки чаҳорсола кушта шуда, чаҳор нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар пешорӯи беруншавии нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқ то 30 июн теъдоди ҳамлаҳои хунин дар Ироқ низ афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG