Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоишҳои ҳавоии Эрон шурӯъ шуд


Радиои давлатии Эрон гуфт, ки дар ҳарими ҳавоии ин кишвар бар фарози Халиҷи Форс озмоишҳои низомӣ шурӯъ шуд. Озмоишҳои серӯза, ки имрӯз оғоз шуд, бо истифодаи ҳавопаймоҳои ҷангии сохти русии "Сухой" ва ватании "Соиқа" сурат мегирад. Дар хабар омадааст, ки ҳавопаймоҳо бар фарози Халиҷи Форс ва Дарёи Уммони ҳамсояи он, ки гузаргоҳи интиқоли 40 дар сади нафти хоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, парвозҳо анҷом хоҳанд дод. Гузориш аз қавли генерал Ҳусейни Читфурӯш мегӯяд, ки маневрҳои мазкур барои тақвияти тавонмандиҳои нирӯҳои ҳавоии Эрон ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG