Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи мусаллаҳона ба президенти Ингушистон


Юнусбек Евкуров, президенти ҷумҳурии Ингушистон

Юнусбек Евкуров, президенти ҷумҳурии Ингушистон

Юнусбек Евкуров, президенти ҷумҳурии Ингушистони Русия, рӯзи душанбе бо ҳолати вазнин ба касалхонае дар Назран интиқол ёфт.

Субҳи 22 июн корвони мошинҳои раисиҷумҳури Ингушистон дар яке наздикиҳои шарҳи Назран мавриди ҳамлаи мусаллаҳонае қарор гирифт. Евкуров чаҳорумин мақомест, ки дар се ҳафтаи ахир дар Ингушистону Доғистон мавриди ҳамла қарор мегирад.

Субҳи сешанбе ҳангоми аз Назран ба Магас ҳаракат кардани корвони мошинҳои Юнусбек Евкурови 48-сола, ки ҳашт моҳи пеш аз ҷониби раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ба мақоми раиси ҷумҳурии Ингушистон таъин шуда буд, мошини вай мунфаҷир карда президентро шадидан маҷрӯҳ кард. Тибқи хабарҳо, шоми душанбе табибон гуфтанд, ки ҷароҳатҳои бардоштаи ӯ дигар хатарнок нест.

Владимир Маркин, сухангӯи кумитаи тафтишотии додситонии кулли Русия, рӯзи душанбе зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав дар тафсилоти ҳодиса гуфт, "22 июни соли 2009 дар ҳангоми убури корвони мошинҳои раисиҷумҳури Ингушистон Юнусбек Евкуров маводи таркандаи баробар бо 70 кг тратил ба кор андохта шуд. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, ин мавод дар дохили мошини хориҷие ҷо шуда буд, ки дар канори роҳ қарор дошта, дар дохилаш эҳтимолан маргталабе низ нишаста буд. Дар натиҷаи таркиш, як нафар кушта шуда, се тани дигар захмҳои мухталиф бардоштанд ва яке аз онҳо Юнусбек Евкуров, раиси ҷумҳурии Ингушистон будааст".

Ҳангоми убури корвони мошинҳои раисиҷумҳури Ишгушистон Юнусбек Евкуров маводи таркандаи баробар бо 70 кг тратил ба кор андохта шуд. Ин мавод дар дохили мошини хориҷие ҷо шуда буд... Дар натиҷаи таркиш як нафар кушта ва се тани дигар захмҳои мухталиф бардоштанд ва яке аз онҳо раисиҷумҳури Ингушистон буд...
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузориҳои русӣ, дар ин ҳодиса дасти кам се нафар ба ҳалокат расидаанд. Арзёбиҳои муқаддамотии мақомоти қудратии Русия ба кори дасти шӯришиён будани ин таркиш таъкид мекунанд.

Рӯзи душанбе Александр Бортников, раиси хадамоти амнияти федеролии Русия дар ин замина ба раисиҷумҳур Дмитрий Медведев чунин гузориш дод, ки "фаъолнокии хадамоти милисаи Ингушистону Чеченистон, ки пайваста амалиёти махсус ташкил мекарданд, ҷои ҷинояткоронро дар манотиқи душворгузари Ингушистону Чеченистон танг карданд. Ва табиист, ки гурӯҳҳои махфии ғайриқонунӣ фаъолона муқовимат нишон додан гирифтанд. Ба эҳтимоли зиёд, ҳодисае, ки имрӯз рӯй дод, кӯшиши бесубот кардани вазъият аст, ба он хотир, ки ба Евкуров хеле зиёд таҳдид мекарданд ва ин посухи ҷавобии ҷинояткорон мебошад".

Дар як навори видеоӣ, ки моҳи апрел нашр шуд, яке аз фармондеҳони ҷудоихоҳон Доку Умаров таҳдид карда буд, ки бригадаи шаҳидони «Риёз-ус-Солиҳин» дубора эҳё шуда, ҳамакнун як "соли пуршӯриш" дар пеш аст. Дар се ҳафтаи ахир ҷангиён вазири умури дохилаи Доғистон генерал-лейтенант Одилгерей Муҳаммадтоҳиров ва ду мақоми дигари баландпояи Ингушистонро ба ҳалокат расонданд.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ҳамлаи ахир ба Евкуровро ба дӯш нагирифтааст.

Ингушистон яке аз ҷумҳуриҳои бесубот ва аз лиҳози иқтисодӣ пурмушкили Қафқози Шимолӣ мебошад ва вазифаи Евкуров иборат аз он буд, ки мебоист дар баробари таъмини амният инчунин бо фасоду ришвати дар сохторҳои давлатӣ дар замони раҳбари пешин Мурод Зязиков тавсеаёфта мубориза мебурд.

Инчунин аз ӯ эҳёи иқтисодиёт ва коҳиши шиддати бекорӣ тақозо мешуд. Ва яке аз муҳимтарин рисолатҳои Евкуров ин буд, ки ҳамлаҳои шӯришиёнро болои сохторҳои полис, артиш ва ходимони амниятӣ низ коҳиш диҳад. Танҳо дар соли 2008 дар Ингушистон на камтар аз 61 ҳодисаи террористӣ рӯй додааст, ки дар натиҷаи он 70 афсари полис кушта ва 167 тани дигар захмӣ шуданд. Ва баъд гӯё дар ҷавоб ба ин ҳамлаҳо полис дар хиёбонҳо ба таври носанҷида ҷавонҳои мусалмонро бо иттиҳоми ҷангиёни исломӣ буданашон нобуд кардааст.

Маҳалли ҳодиса
Дар айни замон, дар мӯҳлати фаъолияти худ Евкуров ба пешравиҳои муайян низ даст ёфт. Вай тавонист ба тими худ чанд ҷавони фаъолро аз нирӯҳои мухолифин ҷалб карда амалиёти муваффақиятомези зиддифасодро роҳандозӣ кунад. Ҳафтаи гузашта вай шумори телефони дастии худро ошкоро дар ихтиёри ҷомеа гузошта аз сокинони ҷумҳурӣ даъват кард, ки занг зада оид ба ҳодисаҳои ҷой доштани ришвату ноадолатиҳо ва напардохтани маош ба ӯ хабар диҳанд.

Ва ин буд, ки рӯзи душанбе баъди вуқӯи ҳодисаи ҳамла ба раҳбари ҷумҳурӣ бархе тахмин заданд, ки ин метавонист кори дасти бархе аъзои тими худи Евкуров бошад, чунки бисёриҳо баъди ин дар ҳарос афтонанд, ки мабодо тӯъмаи муборизаҳои зиддифасоди вай нашаванд.

Тафовути қобили мулоҳизаи вай аз раҳбарони пешини Ингушистон дар ин буд, ки вай пайваста бо аъзои ҷомеа мулоқот карда роҷеъ ба мушкилоти ҷойдошта сӯҳбатҳо ташкил ва тавассути имейли вижа аз онҳо оиди каҷравиҳои мақомоти масъул, фасоду ришват гузоришҳо дарёфт мекард.

Яке аз дигар корҳои анҷомдодаи Евкуров ин буд, ки моҳи феврал бо намояндаҳои 180 хонаводае мулоқот кард, ки қурбонӣ додаву дар андешаи қасдгирӣ буданд, вале ӯ тавонист 47 хонаводаро мутақоид созад, ки аз ин андеша даст кашанд.

Медведев, ки худ Евкуровро ба ин мақом таъин карда буду ҳамеша пуштибониву эътимодашро ба ӯ нишон медод, дар оғоз барои барқарории иқтисоди Ингушистон 29 миллион рубл маблағ ихтисос дод. Рӯзи душанбе вай аз талошҳои Евкуров барои ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ёдовар шуд ва гуфт, "дар ҳақиқат, президенти Ингушистон дар ин охирҳо кори зиёде барои таъмини амният ва эҷоди ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом додааст. Чунин фаъолияти ӯ барои ҷинояткорҳо хуш намеояд ва он чи ки рӯй дод, натиҷаи таҳкими қудрат ва кор дар ҳама самтҳо мебошад".

Вале тавре имрӯз бисёр коршиносон мегуфтанд, танҳо нуқтаи заъфи ҳукумати Евкуров дар муддати раҳбариаш ин нотавонии вай дар безарарсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи шӯришӣ будааст. Танҳо дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ дар ин ҷумҳурии ҷангзада 59 нафар кушта шуданд, ки 18 нафари онҳо ходимони полис ва низомиҳо буданд. Панҷ ҳафта пеш Евкурову ҳамтои чечении ӯ Рамазон Қодиров ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои вазоратхонаҳои дохилии Ингушистону Чеченистонро барои муқобила зидди ҷангиён муттаҳид хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG