Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии ҳамкориҳои Минск бо Иттиҳодияи Аврупо


Як мақоми баландпояи Аврупо гуфт, ки бо раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот карда барои ин кишвар ҳамкориҳои густардатар пешниҳод кардааст. Associated
Press дар нақли қавл аз хонум Бенитта Ферреро-Валднер менависад, ки Лукашенко дар ин мулоқот ба дурнамои густардани ҳамкориҳои ҳамаҷониба судманд дар миёни ин ду ҷониб таъкид кардааст. Лукашенко аз сафари Ферреро-Валднер, комиссионери умури хориҷӣ ба Минск истиқбол карда гуфтааст, ки Беларус хостори эҷоди равобити беҳтар бо Иттиҳодияи Аврупо мебошад ва муҳим нест, ки "бархе аз ин чиз нороҳат хоҳанд шуд". Ба эҳтимоли ғолиб ишораи Лукашенко ба Русия будааст, ки вақтҳои охир равобити ду ҷонибро бештар дучори мушкил кардааст.
XS
SM
MD
LG