Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи Евкуров дигар хатарнок нест


Имрӯз раиси ҷумҳурии Ингушистон Юнусбек Евкуров дар як ҳодисаи ҳамла болои корвони мошинҳояш аз таркиши бомбае шадидан маҷрӯҳ шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки таркиш ҳангоми аз Назран ба Магас ҳаракат кардани президент ба вуқӯъ пайваст. Тибқи иттилои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Евкуров ҷароҳатҳои вазнин бардошта аммо шом, баъди амалиёти тиббие духтурон гуфтанд, дигар ҳолати вай хатарнок нест. Дар ин ҳодиса, тибқи иттилои хабаргузориҳои русӣ, се нафар маҷрӯҳ шудаанд. Итар-Тасс аз кушта шудани се муҳофизи вай низ гузориш додааст. Дар Маскав раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ин ҳамларо маҳкум ва онро кори дасти гурӯҳҳое хонд, ки хостори сулҳу амнияти минтақа нестанд. Ӯ гуфт:

"Дар ҳақиқат, президенти Ингушистон дар ин охирҳо кори зиёде барои таъмини амният ва эҷоди ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом додааст. Чунин фаъолияти ӯ барои ҷинояткорҳо хуш намеояд ва он чи ки рӯй дод, натиҷаи таҳкими қудрат ва кор дар ҳама самтҳо мебошад".

Тибқи амри Медведев, ин ҳодисаро вазорати дохилӣ ва бахшҳои вижаи додситонии Русия таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG