Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 50 тан сокинони деҳаи Шакархони ноҳияи Кӯлоб бо нишони эътироз назди бинои ҳукумати шаҳр гирди ҳам омаданд.

Эътирозгарон аз ҳукумати маҳаллӣ талаб намуданд, то сари тақсими одилонаи замини кишт ба онҳои дасти кӯмак дароз кунанд.

Абдулазиз Ҳамидов, як тан аз эътирозгарон мегӯяд, беш аз дусад ҳектор заминҳои атрофи деҳа дар чанд хоҷагии деҳқонӣ муттаҳид шудаанд, вале соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сокинони бумӣ, ки аз шумули саҳмдорон маҳсуб мешаванд, замин намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки аз қувваи кории эшон бидуни пардохти музди меҳнат истифода мебаранд.

Оқои Ҳамидов мегӯяд, «аз 1-уми декабри соли 1999 бояд ҳар як сокини ин деҳа 48 сотиқ замин дошта бошад, аммо ҳоло чунин нест».

Моҳикалон Латипова, як зани дигар, мегӯяд, заминҳои деҳ аслан ба нафароне тақсим шудааст, ки маскуни деҳаи онҳо намебошанд. Аммо Зӯҳро Баротова, зани дигар, мегӯяд, ба ӯ ба миқдори хеле кам замин додаанд, вале хоҷагидорон намегузоранд, то заминро хуб истифода кунад.

Қисми дигари эътирозгарон аз он нигаронанд, ки ахиран миқдори ками заминҳои дар даст доштаашонро низ хоҷагидорон кашида мегиранд. Сайлонбӣ Асоева аз шумори занҳоест, ки ҳамакнун заминашро аз даст медиҳад.

Ба қавли эътирозгарон барои чаҳорум бор аст, ки назди ҳукумати шаҳр ҷамъ меоянд, вале дар ҳар маврид талабҳои онҳо аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ қонеъ гардонида намешавад. Дар ин маврид касе аз намояндагони ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳозир нашуд, то бо мо сӯҳбат кунад.

Деҳаи Шакархон дар ҷамоати Кӯлоб ҷой гирифта, аҳолии он ба 225 нафар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG