Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пурсишу посух аз сулҳи Тоҷикистон (Online)


Иброҳими Усмон, донишманди тоҷик

Иброҳими Усмон, донишманди тоҷик

Барои чӣ сулҳ хидмати танҳо яке аз тарафҳо шумурда мешавад? Чаро саҳми Сайид Абдуллоҳи Нуриро нодида мегиранд?

Рӯзи 25-уми июн, аз соати 15:00 то 18:00 ба вақти Душанбе донишманди тоҷик, яке аз ширкатдорони бевосита ва муҳаққиқони раванди сулҳи Тоҷикистон, профессор Иброҳими Усмон ба саволҳои зиёди хонандагони сомонаи мо посух дода, чандин масъалаи марбут ба ин мавзӯъро дар миён гузоштанд.

Ин гуфтугӯи интернетӣ махсусан аз он лиҳоз муҳим буд, ки бисёр ҷавонон тавонистанд, ба таври ошкоро ончиро, ки дар бораи ҷангу сулҳи Тоҷикистон намедонистанд, дар миён гузоранд ва дар ин бора посухи даст аввал бигиранд.

Аз ҷаноби Усмон ва ҳамаи ширкаткунандагони баҳс самимона ташаккур мекунем ва бовар дорем, ки ин сӯҳбат хеле судманд ва бамавқеъ буд.

27-уми июн ба шарафи Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон, ки дар соли 1997 миёни ҳукумат ва мухолифонаш ба имзо расид, Рӯзи Ваҳдат эълон шудааст. Дар ҳоле ки аз оғози ҷанги Тоҷикистон 17 сол мегузарад, имрӯз дар ҷомеа ба рӯйдодҳои он давра ва назарҳои гуногун мавҷуд аст. Чунин сӯҳбатҳои ошкоро ҷанбаъҳои гуногуни қазияро рӯшан мекунанд.


Барои мутолиаи ин пурсишу посухи сесоата ин ҷумлаи сабзро фишор диҳед. Ҳамзамон Рӯзи Ваҳдатро ба ҳамаи Шумо муборак мегӯем.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG