Пайвандҳои дастрасӣ

Бо қарори Кумитаи байнулмилалии олимпӣ 23-юми июн - рӯзи таъсисёбии Кумитаи байнулмилалии олимпӣ - Рӯзи олимпӣ эълон шудааст.

Нахустин бор дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Рӯзи олимпӣ ҳамчун иди варзиши оммавӣ таҳти шиори «Варзиш, фарҳанг, маориф ҳамқадаманд» таҷлил мешавад.

Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, «чунонки дар паёми президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзӣ олимпӣ омадааст, «ин ҷашни бузурги варзишӣ бо самимияти худ табақаҳои мухталифи ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид намуда, пояҳои дӯстиву рафоқат ва пайванди наслҳоро боз ҳам устувортар мегардонад».

Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон бо баргузории бозиҳои варзишӣ миёни мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳо оғоз ёфт. 23-юми июн дар тамоми манотиқи кишвар баргузории чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ дар назар аст. Маркази ин чорабиниҳо пойтахти кишвар мебошад. Дар иншооти варзишии шаҳри Душанбе мусобиқот дар риштаҳои мухталиф – баскетбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, велосипедронӣ, волейбол, дзюдо, камонварӣ, қаиқронӣ, футбол, шиноварӣ, ҳандбол ва ғайра баргузор хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки аввалин чорабинии бузурги имсола – Рӯзи дави миллӣ низ ба ин сана бахшида шуда буд ва дар пойгаи давандаҳо дар сартосари ҷумҳурӣ 192 ҳазор нафар афроди касбу кор ва синнашон мухталиф ширкат карданд».

Ш. Мамадсафоев афзуд, дар доираи чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ, инчунин, Дави марафонӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 14-уми июн аз ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ шуд, 27-уми июн дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом мерасад. Пойгаи марафонӣ, ки масофаи хеле дур – 1412 километрро ташкил медиҳад, таҳти шиори «Барои ягонагӣ ва рушди Тоҷикистон» баргузор шудааст. Дар ин пойга, ки тӯли ду ҳафта идома хоҳад кард, беш аз 20 варзишгари клуби дӯстдорони дави «Перевал»-и Ширкати алюминии тоҷик иштирок доранд ва ҳар яки онҳо ҳаррӯз масофаи на камтар аз 35 километрро тай мекунанд. 23-юми июн онҳо ба пойтахти кишвар ворид мешаванд. Баъдан варзишгарон бо хатсайри Душанбе-Хуҷанд давида, 27-уми июн – дар Рӯзи ваҳдати миллӣ - ба маркази вилояти Суғд мерасанд.

Рӯзи олимпӣ бегоҳи 23-юми июн бо бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпӣ ва бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба поён мерасад. Пеш аз оғози ин бозӣ ва, ҳамчунин, ҳангоми танаффус беҳтарин давандаҳо, ронандагони мошинҳои варзишии «картинг» ва авиамоделчиён ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Ширинҷон Мамадсафоев Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон ҳамасола 23-юми июн таҷлил гардида, барои дар амал ҷорӣ шудани идеяи олимпизм ва рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG