Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти даҳҳо хабарнигори эронӣ


Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, мақомоти эронӣ дасти кам 24 хабарнигор ва блогнависро дар пайи вақоеъи баъд аз интихоботии як ҳафтаи ахир боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ин созмон, хабарнигорон барои раҳбарияти Эрон, “як ҳадафи авлавиятнок” будаанд. Дар миёни боздоштшудагон, раиси Иттиҳодияи Хабарнигорони Эрон ва хабарнигори маҷаллаи Нюсвик низ ҳастанд. Пештар аз ин мақомоти Эрон аз хабарнигори Би Би Си хостанд, ин кишварро тарк кунад. Эрон расонаҳои хориҷиро ҳузури хабарнигорони хориҷӣ дар маҳаллҳои тазоҳуротро мамнӯъ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG