Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз талафоти Толибон хабар дод


Артиши Покистон мегӯяд, 27 ҷангҷӯи Толибро дар шимолуғарби ин кишвар куштааст. Ҳафт тундрави дигари Толибро гурӯҳҳои мусаллаҳи худдифоъи рустоҳои покистонӣ маҳв кардаанд. Нерӯҳои давлатии Покистон, ки дар пайи маҳви Байтуллоҳ Маҳсуд – фармондеҳи Толибон ҳастанд, ҳамлаҳо ба мавзеъҳои Толибон дар вилояти Вазиристони Ҷанубиро афзоиш додаанд. Бо авҷ гирифтани хушунат дар Поокистон, раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ, гуфт, тамоми мардуми кишвараш аз набард барои маҳви тундравон ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG