Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ шоҳиди хунрезиҳои тоза шуд


Ироқ рӯзи якшанбе низ шоҳиди ҳамлаву хунрезӣ шуд. Шӯришиён дар ду шаҳри сераҳолитарини кишвар, Бағдод ва Мусел нӯҳ корманди пулисро бо зарби гӯлула куштанд. Шаш нафар маъмурони пулисро рӯзи шанбе ҳангоми гаштзаниашон дар шаҳри Бағдод куштанд. Як тани дигари онҳо рӯзи якшанбе дар шаҳри Мусел аз дасти шӯришиён ба ҳалокат расид. Ҳамчунин бар асари таркиши як бомби канори роҳ, як ғайринизомӣ ҳалок ва се тани дигар аз ҷумла як корманди пулис маҷрӯҳ шуданд. Як рӯз пештар аз ин ҳамлаҳо, инфиҷори мошини бомбгузоришудае дар наздикии шаҳри Киркук 67 нафарро ҳалок ва тақрибан 200 тани дигарро маҷрӯҳ кард.
XS
SM
MD
LG