Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 450 нафар тазоҳургар дар Теҳрон


Пулиси Теҳрон эълом кард, бештар 450 нафар аз тазоҳургаронро дар раҳпаймоиҳои рӯзи шанбе дар шаҳри Теҳрон дастгир кардаанд. Хабаргузории “Меҳр” аз баёнияи идораи пулис нақли қавл кардааст, ки ин 457 нафар ошӯбгар ба зиён расонидан ба моликияти ҷамъиятӣ муттаҳам мешаванд. Пештар аз ин пулиси Эрон хабар дод, ки дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи шанбе дасти кам даҳ нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Айни ҳол Мирҳусайн Мусавӣ - номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Эрон аз тарафдоронаш хост, бо хештандорӣ ба тазоҳуроташон идома диҳанд. Вай дар ин баёния гуфтааст, ки эътироз ба дурӯғ ва таққалуб ҳаққи мардум аст.
XS
SM
MD
LG