Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳои зидду нақизи матбуоти Эрон


Дар Эрон норизоятии мухолифон аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Имрӯз расонаҳои хабарӣ бештар дар бораи даргириҳои рӯзи шанбе ва қурбониёни он хабар медиҳанд ва ин хабарҳо зидду нақизанд. Масалан, телевизиони давлатии Эрон иттилоъ медиҳад, ки дар дагириҳои миёни пулис ва он чӣ телевизион мегӯяд, "гурӯҳҳои террористӣ", дар Теҳрон дар нооромиҳои хиёбонии рӯзи шанбе 10 нафар кушта, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Телевизион мегӯяд, чанд нафари қурбониён замоне кушта шудаанд, ки шӯришиён ба сӯи масҷиди Лулагори шаҳр тирандозӣ кардаанд. Ҳамзамон телевизиони англисизабони Эрон бо номи "Пресс ТВ" гуфт, "шӯришиён" рӯзи шанбе ду маркази захираи газро низ оташ задаанд ва ба як посгоҳи низомӣ ҳамла бурдаанд. Вале ин идаоро манобеи мустақил таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG