Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозири ИА дар Гурҷистон захмӣ шуд


Дар инфиҷоре дар наздикии марзи ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон як нафар аз нозирони Иттиҳодияи Аврупо маҷрӯҳ шудааст. Сухангӯи намояндагии ин иттиҳодия гуфтааст, пизишке дар ин ҳодиса осеб дидааст ва вазъи саломатии вай ва ҳамчунин ҷузъиёт дар бораи ин ҳодиса номаълум аст. Моҳи октябри соли гузашта 225 нафар нозирони Иттиҳодияи Аврупо барои назорат бар вазъ дар Абхозистону Асетияи Ҷанубӣ дар ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ мустақар шуданд.
XS
SM
MD
LG