Пайвандҳои дастрасӣ

Британия таҳрики тазоҳуроти Эронро рад кард


Дэвид Милибанд-вазири умури хориҷаи Британия мегӯяд, кишварҳои хориҷӣ аз тазоҳуроти хушунатомези хиёбонӣ дар Эрон, ки баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот шурӯъ шуд, ҳимоят намекунанд. Милибнд аз суханони президент Маҳмуди Аҳмадинежод, ки аз Амрикову Британия хостааст, дахолат ба умури Ҷумҳурии Исломиро хотима диҳанд, интиқод кард. Милибанд гуфт, мардуми Эрон бояд ҳукумати худро интихоб кунанд ва мақомот бояд адолат дар натиҷаҳои интихоботро таъмин кунанд. Ба гуфтаи вазири хориҷаи Британия, ташдиди даргириҳо эътибори Эронро дар чашми ҷаҳониён поин мебарад.
XS
SM
MD
LG