Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши кормандони бахшҳои иҷтимоӣ то 30% боло меравад


Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз якуми июли соли ҷорӣ дастмузди кормандони бахшҳои беҳдошту ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандони фарҳанги Тоҷикистон 30 дарсад афзоиш меёбад. Дар ин бора фармон дар сомонаи раиси ҷумҳур ба табъ расидааст. Аз 1-ӯми сентябри соли ҷорӣ тибқи ҳамин фармон дастмузди кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва бахшҳои илму маориф 15 дарсад боло меравад.
XS
SM
MD
LG