Пайвандҳои дастрасӣ

ТВ Эрон: 13 кас дар даргириҳои Теҳрон кушта шудаанд


Телевизиони давлатии Эрон иттилоъ медиҳад, ки дар дагириҳои миёни пулис ва он чӣ телевизион мегӯяд, "гурӯҳҳои террористӣ", дар Теҳрон дар нооромиҳои хиёбонии рӯзи шанбе 13 нафар кушта шудаанд. Телевизион мегӯяд, чанд нафари қурбониён замоне кушта шудаанд, ки шӯришиён ба сӯи масҷиди Лулагори шаҳр тирандозӣ кардаанд. Ҳамзамон телевизиони англисизабони Эрон бо номи "Пресс ТВ" гуфт, "шӯришиён" рӯзи шанбе ду маркази захираи газро низ оташ задаанд ва ба як посгоҳи низомӣ ҳамла бурдаанд. Вале ин идаоро манобеи мустақил таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG