Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақрибан 70 кушта дар инфиҷори Киркуки Ироқ


Дар наздикии шаҳри Киркуки Ироқ дар натиҷаи инфиҷори як мошини борбари бамгузоришуда 67 нафар кушта шудаанд. Ин инфиҷор замоне ба вуқуъ павастааст, ки мардум аз масҷид берун меомаданд. Бино ба гузоришҳо, дар ин ҳодиса 200 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Дар маҳале бо номи Тарза аз шиддати ин инфиҷор 30 хона хароб шудааст. Қабл аз ин инфиҷор Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ хитоб ба мардуми кишвараш гуфт, агар баъд аз хуруҷи нируҳои Амрико талоши ҳамлаҳо бештар шавад, эътимоди худро аз даст надиҳанд.
XS
SM
MD
LG