Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи хабарҳо, полиси Эрон дар муқобили тазоҳуркунандагон аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода кардааст.

Ҳазорон нафар аз полис ва басеҷиҳо тазоҳуркунандагонро, ки бо вуҷуди ҳушдори раҳбари олии Эрон, Алии Хоманаӣ аз нав ба майдон баромаданд, дар хиёбонҳои марказии Теҳрон пароканда карданд.

Шоҳидон мегӯянд, мӯътаризон талош кардаанд, дар се маҳалли бо ҳам пайванд, аз ҷумла Донишгоҳи Теҳрон ҷамъ оянд.

Хабаргузории "Меҳр" ба нақл аз ноиби полиси Теҳрон Ҳусейни Сайидиниё иттилоъ дод, ки дар мақбараи бунёдгузори ҷумҳурии исломӣ,
оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайнӣ аз тарафи як ҳамлавари худкуш як бомб мунфаҷир шудааст. Бар асари таркиш худи бомбгузор кушта ва як тани дигар маҷрӯҳ гаштааст.

Шӯрои амнияти Эрон ҳушдор додааст, барои "пайомадҳои тазоҳуроти ғайриқонунӣ" номзади ислоҳталабон, Мирҳусейни Мӯсавӣ, масъул хоҳад буд.

Хабаргузории ИСНА мегӯяд, ба ин маънӣ раҳбари Шӯрои амнияти Эрон, Аббоси Мӯҳтоҷ, ба Мӯсавӣ номаи расмӣ фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сухангӯйи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон, дар мулоқоти ҳайати он бо номзадҳои нокоми интихоботи 12-уми июн, танҳо яке аз номзадҳо -- Мӯҳсини Ризоӣ ширкат кардааст. Аббосалии Кадхудоӣ афзуд, шӯро эълом доштааст, омода мебошад, 10 дарсади қуттиҳои раъйро интихобан аз саросари кишвар мавриди бозшуморӣ қарор диҳад.

Аз он ҷо ки бо қарори ҳукумат дастрасии хабаргузориҳои ҷаҳонӣ ба маълумот дар Эрон шадидан маҳдуд гаштааст, озмоиш ва тасдиқи ин ахбор номумкин мебошад.
XS
SM
MD
LG