Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Амрико аз шаҳрҳои Ироқ хориҷ мешаванд


Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ гуфт, хуруҷи нируҳои Амрико аз шаҳрҳои ин кишвар то охири моҳи ҷорӣ "пирӯзии бузурге" барои мардуми Ироқ мебошад. Нахуствазири Ироқ ҳамчунин пешгӯӣ кард, ки мумкин аст шӯришиён барои анҷоми ҳамлаҳои бештар талош кунанд, вале нируҳои амниятии Ироқ чунин имконро ба онҳо нахоҳанд дод. Дар чаҳорчӯбаи тавофуқоти дуҷонибаи харуҷи нируҳои Амрико аз Ироқ нируҳои Амрико то 30-юми июн аз шаҳрҳои Ироқ хориҷ мешаванд. Хуруҷи комили онҳо соли 2012 ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG