Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагони созмонҳои шаҳрвандӣ ва давлатии Тоҷикистон ва Русия дар як мизи гирд дар Маскав муҳоҷирати занони тоҷик ба Русияро баррасӣ карданд.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони “Дурнамо+”, гуфт, мақсади аслии ин нишаст омӯзиши мушкилоти занҳои муҳоҷир аз Тоҷикистон аст, чунки солҳои ахир шумораи онҳо хеле зиёд шудааст ва мушкилоти бисёре ба вуҷуд омадааст.

Хонум Бобоназарова аз нақзи ҳуқуқи инсонӣ ва коргарии занони муҳоҷир изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бештари муҳоҷирзанон дар Русия камарзиштарин корҳоро анҷом медиҳанд.

Вай афзуд, “аслан занҳое меоянд, ки худро ҳимоя карда наметавонанд. Вақте ки аз ин ҷо мераванд, он мардҳое, ки дар ин ҷо бо онҳо зиндагӣ мекарданд, ба онҳо алимент намедиҳанд”.

Коршиносони маркази “Муҳоҷират ва қонун” (Бунёди “Тоҷикистон”) мегӯянд, ки дар панҷ моҳи соли равон беш аз 100 мавриди бадрафтории корфармоён бо занҳои муҳоҷирро баррасӣ кардаанд. Аз он ҷумла корфармоён музди кори беш аз 40 занро пардохт накардаанд ва 7 нафар зану духтарро дар як коргоҳи дӯзандагӣ ғуломвор кор мефамудаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин маворид, ширкаткунандагони ин мизи гирд қарор доданд як созмони мардумниҳод барои пуштибонӣ аз ҳуқуқи занони муҳоҷир таъсис диҳанд.

Дар ин нишаст, ки бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода» баргузор шуд, намояндагони созмонҳои мардумӣ ва ниҳодҳои кишварии тоҷикӣ, аз ҷумла созмони “Дурнамо+”, Иттиҳодияи ҳуқуқдонони зани Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон, Кумитаи занон ва хонавода дар ҳукумати Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва созмонҳову ниҳодҳои русӣ, аз ҷумла Бунёди “Тоҷикистон”, созмонҳои муҳоҷирони тоҷики Маскав, Калининград ва Тотористон ва Хадамоти муҳоҷиратии Русия ширкат карданд.

Натиҷаи нишасти коршиносон тасвиби чанд тавсия буд, ки барои баррасӣ ва арзёбӣ ба созмонҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Русия пешниҳод хоҳанд шуд. Чунончӣ пешниҳод шуд, ки марказҳое барои ёрирасонӣ дар умури ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва башарӣ таъсис дода шаванд ва омори муҳоҷирати занон дар як марказ ё ниҳод гирдоварӣ ва таҳлилу баррасӣ шавад.

Коршиносон умедворанд, ки амалисозии ин пешниҳодҳо барои танзими муҳоҷрати занон, беҳбуди вазъи занони муҳоҷир ва пуштибонӣ аз ҳуқуқи модар ва кӯдак дар Русия мусоидат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG