Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳокимшоҳ Тиллоев аз боздштгоҳи муваққатӣ раҳо шуд


Баҳодур Ҳомидов-раҳбари раёсати ҷиноятҳо дар Додситонии Кулли Тоҷикистон хабар додааст, ки Ҳокимшоҳ Тиллоев-раиси собиқи ширкати ҳавоии "Тоҷикэйр" аз боздоштгоҳи муваққатӣ бо шарту шароити муайян раҳо шудааст. Оқои Тиллоев барои берун нарафтан аз маҳалли доимии зист ё тағир надодани ҷои зист ба додситонӣ забохат навиштааст. Додситонӣ 17-ӯми июн вайро барои "тахаллуфоти молӣ" боздошт карда буд ва гуфт, шаҳрвандон ба додситонӣ шикоят бурдаанд, ки онҳо наметавонанд пулҳои худро аз Ҳокимшоҳ Тиллоев пас бигиранд. Оқои Тиллоев се рӯзро дар боздоштгоҳ сипарӣ кард.
XS
SM
MD
LG