Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико сафирони нави ин кишвар дар Тоҷикистону Гурҷистонро таин кард. Барои Тоҷикистон Барак Обама номзадии Кеннет Гроссро пешбарӣ кардааст. Қаблан вай мақоми муовинати сафоратро дар Душанбе бар ӯҳда дошт. Оқои Гросс дар намояндагии минтақаии Амрико дар Басраи Ироқ ва дар намояндагиҳои дипломатии Амрико дар Куала Лумпури Малайзия ва дар Франкфурти Олмон кор кардааст. Ҳоло дар Тоҷикистон хонум Трейсӣ Энн Ҷейкобсон ин мақомро бар ӯҳда дорад. Вай аз моҳи сентябри соли 2006 сафири Амрико дар Тоҷикистон мебошад. Моҳи августи соли 2009 кори вай дар ин мақом ба поён мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG