Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯдухтарони ҳиҷобпӯши Донишгоҳи миллӣ унвонии додситонии кул, додгоҳи олӣ ва омбудсмен нома навишта, хостори ҳимояи хуқуқи худ шудаанд.

Мамлакат, яке аз муаллифони ин нома, мегӯяд, муҳтавои нома эътирозӣ буда, дар он аз ниҳодҳои давлатӣ талаб шудааст, ки муносибати вазорати маориф ва роҳбарияти ДМТ нисбат ба духтарони донишҷӯи хиҷобпӯшро аз нигоҳи қонунӣ таҳқиқ кунанд.

Мамлакат гила мекунад, ки давоми ду соли охир фишорхои вазорати маориф болои духтарони хиҷобпӯш боиси он гардидааст, ки иддае аз онҳо донишгоҳро тарк карда, аз гирифтани тахассус маҳрум шудаанд. Ва онҳо ин навбат тасмими ҷидӣ гирифтаанд, ки ин қазия бояд ҳалли худро ёбад.

Вай мегӯяд, «мо интизорем, ки мақомоти давлатӣ ба мо кӯмак мекунанд. Вақте мо дохил мешавем, тамоми панҷ сол дар ҳолати хориҷ шудан ва мавриди ҳарфҳои бади устодон барои пӯшидани ҳиҷоб қарор мегирем. Барои ҳамин ба мо як ҷавоби мусбат ва ё манфӣ бояд диҳанд. Наход дар давлати демократӣ моро хондан нагузоранд ...»

Вақте мо (ба донишгоҳ) дохил мешавем, тамоми панҷ сол дар ҳолати хориҷ шудан ва мавриди ҳарфҳои бади устодон барои пӯшидани ҳиҷоб қарор мегирем ...
Дар номаи эътирозии донишҷӯён аз додситонии кул, додогоҳи олӣ ва омбудсмен хоста шудааст, ки ба рафторҳои вазири маориф ва роҳбарияти ДМТ, ки ба бовари муаллифон, бар хилофи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандии онҳост расидагӣ кунанд.

Аммо дар ҳоле, ки донишҷӯён мегӯянд, ки номаи хешро рӯзи чаҳоршанбе, яъне 18 июн ба ниҳодҳои марбут ирсол кардаанд, дар додгоҳи олии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки то ба ҳанӯз чунин нома нарасидааст. Дар додситонии кул, вазорати маориф ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз расидани чунин нома изҳори беиттилоӣ карданд.

Баҳси ҳиҷобпӯшии духтарон давоми ду сол аст, ки дар Тоҷикистон идома дорад. Чанд мурофиае, ки дар ин замина дар додгоҳҳо сурат гирифт, ҳамагӣ ба нафъи вазорати маориф анҷом ёфт.

Як моҳ пеш як гурӯҳи донишҷӯдухтаронро ба далели пӯшидани ҳиҷоб аз ДМТ пеш карданд. Вале баъдан роҳбарияти донишгоҳ онҳоро дубора барқарор кард.

Таҳлилгар Қурбоналӣ Гиёев мегӯяд, масъалаи ҳиҷоб мавзуе шудааст, ки эҳтимолан гурӯҳҳое аз он сӯйистифода мекунанд. Ба эътиқоди ин коршинос, давлат бояд билохира ба ин баҳси давомдор, ки қарори вазорати маориф дар мавриди манъи ҳиоҷоб то куҷо қонунист, нуқтаи таммат бигузорад.

Вай гуфт, «агар дар Низомнома ва Оийномаи вазорат тарзи либоспӯшии духтарон муаяйн шудааст, вазорат ҳақ аст ва ҷои мояи баҳс аст, ки дар сатҳи давлатӣ бояд ҳал карда шавад». Оғои Гиёев мегӯяд, дар сурати аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳои расмӣ маҳрум шудани духтарони ҳиҷобпӯш, танҳо мактабе, ки дарҳояш барои ҳиҷобпӯшон дар Тоҷикистон боз мемонад, мадориси исломист.
Ҳамчунин баъид нест, ки иддае аз онҳо ба хотири донишомӯзӣ рӯ ба мадориси хориҷӣ биоваранд.

Аммо устоди донишгоҳ Аслам Наримон бар ин назар аст, ки бо ҷурми пӯшидани ҳиҷоб хориҷ кардани духтарон аз донишгоҳ як навъ хушунати ҷомеаи мардсолорӣ ба занон низ метавонад бошад.

Вай гуфт, «ба назар мерасад, ки дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ба ҷуз масоили ҳиҷоб дигар мушкилот надорад. Вазорат ҳиҷоби духтарон, телефони мобил ва омадани донишҷӯён бо автомошина ба донишгоҳро мушкилоти аввали донистааст, ҳоло он ки онҳо қобили эҷод кардани мушкилот нестанд. Ҳиҷоб ягон бадӣ надорад».

Бо ин ҳол, интизор меравад, ки идомаи баҳси ҳиҷобпӯшии донишҷӯдухтарон акнун ба як сатҳи хеле болотар аз вазорати маориф ва додгоҳҳои маҳаллӣ кашида шавад. Духтарони ҳиҷобпӯш умедворанд, ки мақомоти масъул ба ҳуқуқи инсонӣ ва мазҳабии онҳо эҳтиром қоил шуда, қазияро ин бор ба нафъи онҳо ҳал хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG