Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳодии ғайриодии Қирғизистон ба ИМА


Қодирбек Сарбоев – вазири умури хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, кишвараш бо Амрико дар мавриди интиқоли муҳимоти ғайринизомӣ ба Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Қодирбек Сарбоев дар мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, кишвараш омода аст, транзити муҳимот ба Афғонистон аз тариқи қаламрави Қирғизистонро иҷоза диҳад. Аммо Қирғизистон бо Афғонистон марзи мустақим надорад ва роҳҳои ноҳамвори кишвар низ барои интиқоли молу колои зиёд мувофиқ нестанд. Амрико то ҳол аз пойгоҳи Манаси Қирғизистон барои мусоидат дар амалиётҳо дар Афғонистон истифода мекунад. Аммо ҳукумати Қирғизистон хост, то нерӯҳои Амрико ин пойгоҳро то чанд моҳи дигар тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG