Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сипоси Анҷелина Ҷолӣ аз паноҳандагон


Анҷелина Ҷолӣ ва Бред Питт, як ҷуфти маҳбуб дар ҷаҳон ба Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон як миллион доллар хайр кардаанд, то ба покистониҳои бесарпаноҳмонда бар асари ҷанг бо Толибон кӯмак расонад. Анҷелина Ҷолӣ, ситораи Ҳолливуд сафири ҳусни нияти Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон аст ва се маротиба ба Покистони ноором сафар кардааст. Вай имрӯз гуфт, ки паноҳандагон то чӣ ҳад андешаву зиндагии ӯро тағйир додаанд: "Паноҳандагоне, ки ман вохӯрда ва муддатеро ҳам бо онҳо сипарӣ кардаам, зиндагии маро амиқан тағйир додаанд. Ман ҷасоратро аз духтари ҳашстолае омӯхтам, ки бародарашро ҳифз кардааст, ман модар буданро аз зани обистане дар Покистон омӯхтам ва бачаи фалаҷе, ки аз камараш тир хӯрдааст, бо хандаи баландаш, ба ман нерӯмандӣ ва рӯҳи шикастнопазирро нишон дод. Аз ин рӯ дар рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон ман ба ҳамаи онҳо ташаккур мегӯям, ки маро ба зиндагиашон роҳ доданд."
XS
SM
MD
LG