Невӣ Пиллай – раиси Кумиссиёнии олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, мегӯяд, аз гузоришҳо доир ба боздоштҳои афзоянда баъд аз интихоботи Эрон ва истифодаи нерӯи “беш аз ҳад” барои фурӯ нишонии тазоҳурот нигарон аст. Невӣ Пиллай бо нашри як баёния ҳушдор додааст, ки иқдомоти ғайриқонунии либосшахсиҳо ва нерӯҳои амниятӣ “метавонад, вазъи амниятӣ дар Эронро ба таври ҷиддӣ бад кунад.” Ин мақоми баландпояи Созмони Милал гуфт, ин масъулияти ҳукумат аст, ки “нагузоранд, то нерӯҳои Басиҷ ва амниятӣ аз амалкардҳои хушунатбори ғайриқонунӣ кор бигиранд.”