Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъкиди Хоманаӣ ба дурустии интихобот


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари олии Эрон гуфт, мардуми ин кишвар ҳамон касеро, ки мехостанд, дар интихоботи баҳсбарангези гузашта раиси ҷумҳур интихоб карданд. Зимни суханронӣ дар намози ҷумъа дар шаҳри Теҳрон Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт, аз миёни 40 миллион, 24 миллион нафар ба ҷонибдории Маҳмуди Аҳмадинажод раъй додаанд. Ба гуфтаи вай, низоми ҷумҳурии исломӣ "аҳли тақаллуб нест" ва дар интихоботи 12 июн тақаллуб нашудааст. Раҳбари олии Эрон гуфт, интихобот эътимоди мардум ба низоми ҷумҳурии исломиро нишон дод ва душманони Эрон мехостанд, машрӯъияти интихобот дар ин кишварро зери суол баранд. Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин аз мардумро хост ба тазоҳурот хотима диҳанд.
XS
SM
MD
LG