Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 медали варзишгарони тоҷик дар Қирғизистону Қазоқистон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар Қирғизистону Қазоқистон панҷ медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Аҷмал Амиров, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, нахуст дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷавоизи қаҳрамони Бозиҳои ХХ11 тобистонаи олимпӣ Татяна Колпакова дар шаҳри Бишкек, ки бо ширкати варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шаҳри Омски Русия баргузор шуд, соҳиби ду медал гардид. Вай дар давидан ба масофаи 1500 метр бо натиҷаи
3.52,63 бо медали тилло ва дар давидан ба масофаи 5000 метр бо натиҷаи 14.58,55 бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ду варзишгари дигари тоҷик – Сотиболдӣ Ҳаитов дар давидан ба масофаи 10 км бо натиҷаи 31.41,61 ва Сайёд Зайниддинов дар давидан ба масофаи 3 км бо монеъа бо натиҷаи 10.16,13 медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Инчунин Аҷмал Амиров дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи Гусман Косанов дар шаҳи Алматии Қазоқистон дар давидан ба масофаи 1500 метр бо натиҷаи 3.52.57 ҷои дуюмро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Беҳтарин варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти тобистонаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 20-ум ва 21-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG