Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши фарҳангиён ба таҳаввулоти Эрон


Коргардони маъруф Муҳсини Махмалбоф мегӯяд, сад дар сад равшан буд, ки интихобот бо пирӯзии Мирҳусей Мусавӣ анҷом ёфт

Коргардони маъруф Муҳсини Махмалбоф мегӯяд, сад дар сад равшан буд, ки интихобот бо пирӯзии Мирҳусей Мусавӣ анҷом ёфт

Таҳаввулоти ахири Эрон пас аз интихоботи президентии рӯзи 12-уми июн аҳли фарҳанги ин кишвар ва Тоҷикистонро нигарон кардаааст.

Онҳо мегӯянд, тақаллуби ошкорое, ки ҳукматдорони Эрон дар ин интихобот аз он кор гирифтанд, камназир аст ва қонушиканиҳо дар интихобот ва нодидагирифтани ҳаққи мардуми Эрон, аҳли фарҳангу ҳунари ин кишварро ба ҷабҳаи мубориза ва вокунишҳои шадид ҳидоят кардаааст.

Аз ҷумла коргардони маъруф Муҳсини Махмалбоф мегӯяд, вай дар рафти интихобот масъулияти сухангӯи ситоди Мирҳусейн Мусавӣ - номзади ислоҳталабро бар ӯҳда доштааст ва шоҳиди тақаллубҳо ва қонушиканиҳое будааст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҷонибдоронаш барои аз худ кардани орое, ки аслан ба ҷонибдории Мирҳусайн Мусавӣ додаанд.

Вай гуфт, “сад дар сар равшан буд, ки интихобот бо пирӯзии Мирҳусайн Мусавӣ анҷом ёфт ва ӯро ҳама табрик мекарданд. Оқои Хотамӣ Мусавиро табрик гуфт ва вазорати кишвар низ. Ва қарор буд пирӯзии ӯ расман эълон шавад. Аммо як 20 нафар афроди либоси шахсипӯш ба ситоди оқои Мусавӣ ҳамла оварда, кормандони онро бо чӯбдаст мезананд ва васоили мухобиротиро мешикананд. Ва пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажодро эълон карданд. Ин аст ҳар он чизе ки ман шоҳидаш будам, сипас ману ҳамроҳонамро аз ситод берун андохтанд”.

Он ки фарҳангиёни Эронро натиҷаҳои интихоботи 12-уми июн ба ҷабҳаи вокунишҳо кашидааст, бозгӯи он аст, ки ҷои нигаронӣ вуҷуд дорад ва воқеан ҳам гап сари масоили бузургест, на кадом мушкили хурду реза ва рузмарра ...
Овозхони машҳур Дориюш Иқболӣ, ки ҳудуди 30 сол аст хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, ин бедорӣ ва ин ҳақталабиву худшиносии ҳамватанонашро, ки ба гуфтаи ӯ, тайи 30 сол чун чашмаҳои хурд арзи вуҷуд кардаву имрӯз ба як баҳри бузург табдил ёфтааст ва дигар наметавонад дар баробари беадолатиҳои давлатдорон хомӯш бошад, табрик мегӯяд.

Вай меафзояд, “ман калимаи ислоҳотро дар маҷмӯъ дӯст медорам. Чунки мамлакати ман ислоҳот мехоҳад. Мардум дигар натавонистанд тавҳин ба шуурашонро таҳаммул кунанду хомуш бошанд ва ба берун рехтанд. Диктатура наметавонад абадӣ бошад ва ин аст посух ба 30 соли диктатура. Бояд чунин бошад. Ман ҳарчанд 30 сол дур аз мамлакатам будам, аммо бо мардумам будам. Ҳамеша паём мефиристодам барояшон. Ҳоло ҳам ранҷ мебарам, ки дар канорашон нестам».

Муҳаммадризои Шаҷариён, овозхони саршиноси эронӣ, ба радиои Би-би-си гуфтааст, вай аз номзади ислоҳталаб Мирҳусайни Мусавӣ пуштибонӣ мекунад ва ӯ ба телевизиони давлатии Эрон нома навишта, тақозо кардааст, ки аз намоиши ҳунарнамоиии ӯ дар ин телевизион худдорӣ кунанд ва бо ишора ба ҳарфи Маҳмуди Аҳмадинажод, ки мардуми аз ӯ норизо ба майдонҳо рехтаро “хасу хошок” номидааст, бо киноя гуфтааст, “ман низ ҳамон хасу хошокам”.

Дар ҳамин ҳол чанде аз фарҳангиҳои Тоҷикистон мегӯянд, саҳнаҳои таҳаввулоти Эрон дар ин шабу рӯз, бедориҳои сиёсии мардуми тоҷикро дар аввали солҳои 90 ба ёд меорад. Аммо фарқ ҳамин аст, ки ин яке акнун саркӯбу хомушу бесадост шояд то ба даҳсолаҳои дигар ва дигаре саркашу ҳақталаб ва ҳамчунон озодихоҳ.

Шоир Меҳриниссои Бобобек, ки тоза аз сафари Эрон баргаштааст, ба ин назар аст, ки аҳли фарҳанг, ки маъмулан мардуми сабуру ботавозун ҳастанд, кам мешавад, ки ба масоили сиёсӣ мудохила кунанд. Аммо он, ки фарҳангиёни Эронро натиҷаи интихоботи 12-уми июн дар кишварашон ба ҷабҳаи вокунишҳо кашидааст, бозгӯи он аст, ки ҷойи нигаронӣ вуҷуд дорад ва воқеан ҳам гап сари масоили бузургест, на кадом мушкили хурду реза ва рӯзмарра.

Меҳринисои Бобобек гуфт, “мардуми Эрон ҳама фарҳангӣ ва ҷасур ҳастанд. Онҳо, ки тазоҳур мекунанд ва ҳақталошӣ мекунанд, албатта ба ин ҳақ доранд ва намегузоранд, ки чизеро ба сари онҳо бор кунанд. Бояд ба таври демократӣ шахсеро ба мақоми сарварашон бипазиранд, ки худашон мехоҳанд ва бояд ин масъаларо худи онҳо ҳал кунанд”.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG