Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти омбудсмен бо созмонҳои ҷамъиятӣ


Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятии кишвар баргузор шуд.

Дар ин мулоқот, ки бо ташаббуси созмони «Дафтари ҳуқуқи инсон ва рияои қонун» ва бархе аз созмонҳои ҷамъиятии дохилӣ сурат гирифт, масоил ва самтҳои фаъолияти ин ниҳоди нав мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Зариф Ализода ба намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иттилоъ дод, ки феълан асноди меъёриву ҳуқуқии фаъолияти ниҳод мавриди таҳия қарор дорад ва он ба зудӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард.

Вай гуфт, тибқи нақшаи кори ниҳоди омбудсмен, ҳарсола дар бораи вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гузоришҳои солона омода ва нашр хоҳад шуд.

Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин мулоқот хостори таҳкими равобит бо ваколатдории ҳуқуқи инсон дар кишвар ва ширкати худ ҳангоми таҳияи гузоришҳои солонаи он шуданд.

Интизор меравад, тайи моҳҳои наздик мулоқоти Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятии минтақавии кишвар баргузор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG