Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Аврупо боз 3 медал ба даст овард


Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик
Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар се мусобиқаи байнулмилалӣ дар Аврупо боз соҳиби се медал - як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ шуд.

Дилшод Назаров нахуст дар ҷашнвораи варзишҳои майдонии аврупоӣ дар шаҳри Бидгоши Лаҳистон гурзро ба масофаи 77 метру 27 сантиметр ҳаво дода, ҷои сеюмро касб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин Кристиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 80,19 м ғолиби ин мусобиқа шуд. Қаҳрмони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 Примош Козмус, аз Словения, бо натиҷаи 79,94 м дар ҷои дуюм қарор гирифт.

Сипас Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалии «Ёдбуди Кезми Ора», ки бо ширкати 200 варзишгар аз 32 кишвар дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд, бо натиҷаи 78,37 м соҳиби медали тилло гардид. Есреф Апак (Туркия) бо натиҷаи 76,76 м ҷои дуюм ва Артём Рубанко (Украина) бо натиҷаи 76,13 м ҷои сеюмро азони худ карданд.

Баъдан Дилшод Назаров дар яке аз марҳалаҳои мусобиқоти пурнуфузи силсилаи Гран-при ИААФ дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 78,83 м медали нуқра ба даст овард. Кристиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 80,71 м ғолиби ин мусобиқа шуд. Либор Чарфрейтаг, аз Словакия, бо натиҷаи 77,44 м медали биринҷӣ гирифт. Вале рақиби аслии Дилшод Назаров қаҳрамони олимпӣ Примош Козмус бо натиҷаи 76,53 м панҷум шуд.

Бад-ин тартиб аз рӯи натоиҷи шаш мусобиқаи пурнуфузи силсилаи Гран-при ИААФ Дилшод Назаров бо 49 имтиёз мавқеъашро дар ҷои аввал нигаҳ дошт ва ба даври ниҳоии сабқати ҷаҳонии варзишҳои майдонии ИААФ/ВТБ (World Athletics Final), ки 12-уму 13-уми сентябр дар Салоникии Юнон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Дилшод Назаров, раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон, пас аз бозгашт аз Аврупо дар мусобиқоти тобистонаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 20-ум ва 21-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG