Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алии Хоманаӣ имрӯз суханронӣ хоҳад кард


Интизор меравад, ки имрӯз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар робита ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар суханронӣ кунад.Аз ин пеш Хоманаӣ аз мардуми кишвар даъват карда буд, ки ба эътирозҳо хотима бахшанд ва дар атрофи раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод муттаҳид шаванд, ки ба иттилоъи расмӣ, дар интихоботи рӯзи 12 июн пирӯз шудааст. Дар ҳамин ҳол ҷонибдорони номзади ноком дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон Мир Ҳусейни Мусавӣ эълом доштанд, ки имрӯз намоишҳои эътирозӣ доир нахоҳанд кард. Аз ин пеш Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон эълом дошт, ки шикояти аз се довталаби нокоми курсии раисиҷумҳур расидаро мавриди тафтиш қарор хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки ин номзадҳо 646 далели қонуншиканиҳои гуногун дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи 12 июнро ошкор кардаанд. Барои баррасии ин шикоятҳо номзадҳои мағлуб эълоншуда – Мирҳусайни Мусавӣ, Меҳдии Каррубӣ ва Мӯҳсин Ризоӣ рӯзи шанбе ба нишасти Шӯрои нигаҳбон даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG