Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати халабон ҳангоми парвоз


Як халабони ҳавопаймои Боинг 777 ҳангоми парвоз дар болои уқёнуси Антлантик аз дунё даргузашт ва аммо бо вуҷуди ин ҳавопаймо бидуни мушкил ва осеби мусофирон бо кумаки 2 халабони дигар дар фурудгоҳи Ню Арки аёлати Ню Ҷерсӣ нишаст. 247 мусофир, ки аз Белгия ба Амрико парвоз мекарданд, дар бораи ин ҳодиса фақат дар фурудгоҳ хабар ёфтанд.
Келли Крайп, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии "Континентал" гуфт халабони Боинг 60 сола буд ва дар ин ширкат 32 сол кор кардааст. Ӯ афзуд, ки ба иттилоъи муқаддамотии пизишкон, халабон эҳтимолан аз сактаи дил аз дунё даргузаштааст. Ба гуфтаи Крайп, халабонони эҳтиётӣ дар ҳавопаймо буданд ва ба таври оҷил ҷои халабони вафоткардаро гирифта парвозро идома доданд. Хабар дода мешавад, ки Боинг 777 дар вақти муайяншудаи ҷадвали парвоз дар фурудгоҳ пойин шудааст.
XS
SM
MD
LG