Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози Горди миллӣ дар поккории майнҳо маҷрӯҳ шуд


Низомии Горди миллии Тоҷикистон Муҳаммад Ёрмуҳаммадов ҳангоми аз майнҳо поккорӣ кардани мавзеъи Дашти Бирбоғи ноҳияи Дарвоз ҷароҳат бардошт. Ба иттилоъи Маркази майнрӯбии Тоҷикистон, Ёрмуҳаммадов ба таври оҷил ба бемористони марказии ноҳияи Ванҷ интиқол дода шуд ва ҳоло таҳти назорати табибон қарор дорад.
Маркази майнрӯбӣ эълом дошт, ки соли равон аз инфиҷори минаҳои зиддинафар ва мушакҳои нотаркида як сокини Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 5 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Шурӯъ аз соли 1992 инфиҷори ин майнҳо дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон мунҷар ба ҳалокати 351 нафар ва ҷароҳат бардоштани 448 кас шудааст.
XS
SM
MD
LG