Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони Иттиҳодияи Аврупо ихтилофро аз байн бурданд


Имрӯз нишасти раҳбарони кишварҳои узви Итттиҳодияи Аврупо дар Брюссел идома меёбад. Бегаҳи дирӯз онҳо принсипҳои аслии шадидтар кардани танзими бозорҳои молиро пазируфтанд. Дар ин мавзӯъ миёни сарони кишварҳо баҳсҳои густарда доир гардид. Бритониё, аз ҷумла, ба ваколати давлат барои кумак ба бонкҳои бузург дар сурати рӯх додани бӯҳрон мухолифат кард. Аҳли нишаст ба натиҷае расиданд, ки ин гуна ваколат маҳдуд сохта шавад.
Имрӯз дар нишасти Брюссел аз талоши дубора мутмаин сохтани шаҳрвандони Ирландия барои пазируфтани Созиши Лиссабон дар раъйпурсии такрорӣ кор гирифта мешавад. Соли гузашта Ирландия алайҳи ин санад оид ба ислоҳоти сохторӣ дар Иттиҳодияи Аврупо раъй дода буд. Интизор меравад, ки дар ин нишаст номзадии Жозе Мануэл Баррозо барои аз нав ишғол кардани курсии раиси Комиссиюни Аврупо пешбарӣ шавад.
XS
SM
MD
LG