Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафни собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон


Ҷасади Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, субҳи зуди 18-уми июн дар зодгоҳаш – шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба хок супурда шуд. Дафни ӯ бе эълон ва ширкати аҳолӣ ё намояндагони давлат ба вуқӯъ пайваст. Бино ба изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон, собиқ вазири умури дохилӣ Муҳаммадназар Солеҳов ҳангоми боздошт даст ба худкушӣ задааст. Вале наздикони марҳум мегӯянд, ӯ аз тарафи чанд нафар, ки барои ҳабсаш омада буданд, ба ҳалокат расидааст. Солеҳов аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон дар мақомҳои олии ин кишвар, аз ҷумла ба ҳайси раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон, раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва Шӯрои адлияи Тоҷикистон кор кардааст.
XS
SM
MD
LG