Пайвандҳои дастрасӣ

Норавшаниҳои марги собиқ вазири умури дохилӣ


Муҳаммадназар Солеҳов, вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон, 20-уми июли соли 2008

Муҳаммадназар Солеҳов, вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон, 20-уми июли соли 2008

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як баёния ҳалокати вазири собиқ Муҳаммадназар Солеҳовро худкушӣ эълон кард.

Аммо пайвандони Солеҳов мегӯянд, ӯ аз сӯи афрод, ки гуфта мешавад барои боздошташ вориди ин манзил шудаанд, ба қатл расидааст.

Ба ҳар шакле ки бошад, ин хабар ҷомеаи кишварро бо пурсише рӯбарӯ кардааст, ки чаро шахсе, ки болотарин мансабҳои давлатиро ба зимма дошт, бо чунин шева худро куштааст ва аз тарафи дигар чаро гурӯҳе, ки мебоист ӯро боздошт мекард, чунин имкониятро барои вай додааст.

Афзун бар ин чаро нафаре, ки аз замони ташаккули ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳаш буд, ба якборагӣ аз вазоифи давлатӣ барканор ва ба сифати як гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳо шинохта шавад.

Дар изҳороти муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон ҳодисаи куштори Солеҳов амали худкушӣ унвон шудааст.

Дар ин баёния таъкид мешавад, «Муҳаммадназар Солеҳов, ки ба даст доштан дар ҷиноятҳои хидматӣ муттаҳам мешуд, чандин дафъа расман барои бозпурсӣ ба ниҳодҳои тафтишотӣ даъват шуда буд, вале ӯ ин даъватҳоро сарфи назар кард. Ва ба ин далел рӯзи 17 июн додситони кулли Тоҷикистон дастур дар бораи боздошт ва ҳабси ӯро содир кард, ки ба ҳангоми татбиқи қарор Солеҳов бо истифода аз туфангча худро ба ҳалокат расонд».

Аммо хонуми Муҳаммадназар Солеҳов куштори шавҳари худро кори дасти афроди маъмур барои боздошти ӯ хонд. Вай гуфт, ки шавҳари ӯро бо зарби тир куштанд ва барои даъвати кӯмаки фаврии тиббӣ низ шитоб накарданд.

Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон куштори Олег Захарченко дар Ғарм, гирдиҳамоиҳои маркази Бадахшони кӯҳӣ ва амалиёти боздошти Сӯҳроб Лангариев дар шаҳри Кӯлоб, ки ҳамагӣ дар соли гузашта, яъне дар замони роҳбарии Солеҳов дар Вазорати умури дохилӣ рух дод, аз ҳаводисе ёд карда мешавад, ки мебоист Солеҳов дар бораи онҳо ба мақомоти тафтиш маълумот медод.

Гузашта аз ин бо ишораҳое ошкоро Солеҳов дар пӯшонидани ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи кормандони ин вазорат низ муттаҳам мешавад.

Ва овозаҳое дар бораи талошҳои барқасдонаи бесубот ва ноамн сохтани авзои дохилӣ аз сӯи Солеҳов дар ҷомеа низ муддатҳост давр мезаданд ва бархе аз нашрияҳои берунӣ ва махсусан русӣ пиромуни ғаразҳои сиёсии Солеҳов матолиб мунташир карда, ӯро аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ муаррифӣ мекарданд.

Бидуни кадом огаҳии қаблӣ ва дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки охири моҳи январ баъди натиҷагирии як соли кори ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти кишвар барканор шудани танҳо Маҳмадназар Солеҳов, вазири корҳои дохилии вақт, аз сӯи президент ба оташи ин овозаҳо равғани бештар рехт.

Ба ҳар сурат бештари коршиносони тоҷик ҳозир нашуданд дар ин бора сӯҳбат кунанд.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, ки ба таври хеле кӯтоҳ гуфт, ки ангезаи ин кушторро дар фасод ва фасодкорӣ дар мақомоти болоиии ҳукмат бояд ҷуст.

Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, дар воқеъ худкушӣ ва ё куштори як чунин нафари чанде пештар мӯътабар ва калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон боиси тааҷҷуб аст. Вай афзуд, шояд ӯ ба хотири ҷилавгирӣ аз ифшои аъмоли худ даст ба чунин кор задааст.

Нуктае дигар, ки ҳоло боиси сарусадоҳо шудааст, шеваи боздошти Маҳмадназар Солеҳов аз сӯи гурӯҳи фаврист, ки мебоист дастури додситонии куллро бидуни таъхир иҷро мекард.

Муҳибулло Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагон, ки собиқаи тӯлонии фаъолият дар мақомоти тафтишотиро дорад, дар мавриди қазияи Солеҳов нахост сӯҳбат кунад.

Вай гуфт, ин кори тафтишот аст, ки Солеҳов худкушӣ кардааст ва ё кушта шудааст. Аммо ба ҳангоми татбиқи қарори боздошт ва ҳабси пешакӣ қонун барои ҳеҷ кас гузаштеро пешбинӣ намекунад ва ҳамзамон бо рӯбарӯ шудан бо нафари мавриди назар ба дасти ӯ бояд завлона зад.

Бо ин ҳама ҳодисаи куштор ё худкушии вазири пешини дохила дар ҳукумати Тоҷикистон як амали бесобиқа арзёбӣ мешавад.

То кунун чандин нафар аз вазирони ё мансабдорони сатҳҳои мухталиф ва генералҳои артиши Тоҷикистон мавриди боздошт ва маҳкумият қарор гирифтанд ва ё ҳам аз сӯи гурӯҳҳое мусаллаҳ кушта шуданд. Вале ҳеҷ яке аз онҳо фурсат ва ҷасорат барои худкушӣ ё муқовиматро надоштааст.
Муҳаммадназар Солеҳов 20-уми июни соли 1957 дар шаҳри Қӯрғонтеппе ба дунё омадааст. Соли 1979 шӯъбаи ғойибонаи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Пеш аз ин аз соли 1974 то 1978 хаткашони Додгоҳи собиқ ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе ва баъдан иҷрокунандаи ҳукмҳои Додгоҳи собиқ ноҳияи Марказии Душанбе будааст. Пас аз як муддати кор дар дастгоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 1987 ноиби додситони собиқ вилояти Кӯлоб ва дар соли 1988 додситони ноҳияи Конибодом таъин шудааст. Пас аз шикасти Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба мақоми додситони кулли Тоҷикистон баргузида шуд ва то соли 1995 дар ин вазфиа кор кард. Аз соли 1995 то 1997 ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 1997 то 26-уми апрели соли 2000 сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд. Сипас дар мақоми раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон кор кардааст. Аз 13-уми декабри соли 2003 бори дигар ба мақоми сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва дар моҳи декабри соли 2008 ба курсии вазири умури дохилии Тоҷикистон нишаста, 29-уми январи соли 2009 аз ин мақом барканор гардид. Генерал-майори хидмати дохилӣ, Мушовир давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси хидматнишондодаи Тоҷикистон буд. Дар аввали соли 1993 аз як суиқасд ҷон ба саломат бурда буд. 17-уми июни соли 2009 дар манзилаш дар Душанбе ба ҳалокат расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG