Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расми сокити дафни Солеҳов


Ҷасади собиқ вазири корҳои дохилӣ Муҳаммадназар Солеҳов дар яке аз қабристонҳои Сарбанд ба хок супурда шуд

Ҷасади собиқ вазири корҳои дохилӣ Муҳаммадназар Солеҳов дар яке аз қабристонҳои Сарбанд ба хок супурда шуд

Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, субҳи 18-уми июн дар зодгоҳаш – шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дафн шуд.

Ин дафн бе эьлон ва ҷамьомади аҳолӣ баргузор гашт.

Нафаре аз пайвандони Солеҳов ва ҳатто бошандагони атрофи маҳалли сукунати хешовандони вай дар шаҳри Сарбанд ҳозир нашуданд,
...шояд ширкат накардани онон ба нишони эътироз аз ҷиноятҳоест, ки ба вазири соби қи корҳои дохилӣ марбут медонанд...
бо Радиои Озодӣ сӯҳбат бикунанд.

Хабари марги Муҳаммадназар Солеҳов ба назар чунин мерасад, ки он ё то ба гӯши сокинони маҳаллӣ дуруст нарасидааст ё таваҷҷӯҳбаранез набудааст, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Сарбанд сокит, нафаре ба назар намерасид, ки дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад.

Ҳеҷ корманди мақомоти умури дохилӣ дар кӯчаҳо дида намешавад, яъне эҳсос намешавад, ки мақомоти зидахл вобаста ба маросими дафни яке аз чеҳраҳои саршиноси кишвар аз тадобири махсуси амниятӣ кор гирифта бошанд.

Дар расми дафни Солеҳов, тибқи иттилои расида, ҳеҷ як мақоми баландпояи ҷумҳурӣ ва ҳатто ҳукумати вилояти Хатлон ширкат накардаанд. Ҳарчанд интизор мерафт, ҳадди ақалл вазири феълии корҳои дохилӣ дар ин маърака иштирок ва суханронӣ мекунад.

Дафни Солеҳов ба ҳадде орому сокит ва бидуни сарусадо баргузор шудааст, ки ҳатто милисаҳои посбони нерӯгоҳи Сарбанд, ки дар рӯ ба рӯйи мазор воқеъ аст, дафни вазири собиқи худ бехабар мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиносони маҳаллӣ мегӯянд, сарфи назар аз сарусадоҳо ва иттиҳомоте, ки алайҳи вазири собиқи корҳои дохилӣ эълон шудааст, аз нуктаи назари ахлоқи сиёсӣ мебоист намояндагони ҳукумат дар маросими дафн ширкат мекарданд. Сиёсатшинос

Азимҷон Ваҳҳобов мегӯяд: «Аз назари ахлоқи сиёсӣ бояд мақомоти баландпояи ҳукумат дар маросими дафни Солеҳов ширкат меҷустанд. Аммо аз нигоҳи дигар, шояд ширкат наварзидани онон ба нишони эътироз аз он ҷиноятҳоест, ки ба вазири собиқи корҳои дохилӣ марбут медонанд. Шояд баъзе мақомот нахостанд, аз хатти барояшон кашидашуда берун шаванд…»

Ваҳҳобов меафзояд, Муҳаммадназар Солеҳов ягона мансабдори зодаи Хатлон нест, ки дар гузашта аз афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон маҳсуб гардида, аммо баъдан даст доштани вай дар ҷиноятҳои мухталиф ошкор гардидааст.

Вай мегӯяд, дар ин авохир мавридҳои кашфи ҷинояткориҳои вазирону раисони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад, ки боиси як андоза коҳиш ёфтани нуфузи мақомот ва мизони эътимод ба он гаштааст.
XS
SM
MD
LG