Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА аз хабарнигорони қирғиз ҳимоят мекунад


Миклош Хараштӣ, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот

Миклош Хараштӣ, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот

Миклош Хараштӣ, намояндаи САҲА дар умури матбуот, зимни як нома ба мақомоти Қирғизистон аз мавҷи ҳамлаҳо ба журналистон нигаронӣ кардааст.

Миклош Хараштӣ зимни ироаи як номаи расмӣ ба Қодирбек Сарбаев, вазири хориҷаи Қирғизистон, тазаккур додааст, ки афзоиши ҳодисаҳои ҳамла болои журналистон дар арафаи интихоботи президентии ин кишвар ба плюрализм шадидан таҳдид хоҳад кард.

Ба таъкиди Миклош Хараштӣ журналистони Қирғизистон дар чанд моҳи ахир борҳо мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Вай афзудааст, ки ду ҳодисаи марбут ба ҳамлаи болои журналистони қирғиз дар моҳи охир сурат гирифт.

Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ин нома ҳамчунин ишора кардааст, таҳқиқи ҳадафи ҳамла қарор гирифтани журналистон фақат дар авоили соли 2009 то ҳанӯз бидуни кашф мондааст.

Ин мақоми САҲА аз вазорати хориҷаи Қирғизистон дархост кардааст, ки иттилоот дар мавриди ҷараёни таҳқиқи ҳамла болои кормандони васоити ахбори умумро дастраси вай низ гардонанд. Аммо ба гуфтаи дафтари САҲА дар Бишкек, бори севвум аст, ки Миклош Хараштӣ ба вазорати хориҷаи Қирғизистон дар ин маврид муроҷиат кардааст, аммо вокуниши ин идораро ба даст наовардааст.

Азиза Турдиева, сухангӯи вазорати хориҷаи Қирғизистон, сабаби ин ҳолро чунин шарҳ дод, ки вазири хориҷаи кишвар Қодирбек Сарбаев ба тозагӣ аз сафари хориҷа баргашт ва ҳанӯз ин номаро дастрас накардааст, ки вокуниш нишон диҳад.

Бегойим Усенова, раҳбари Созмони иҷтимоии намояндагии матбуот, мақараш дар Бишкек, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки ҷомеаи хабарнигории Қирғизистон аз ин даъвати САҲА комилан пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи хонум Усенов,а воқеан нақзи ҳуқуқи журналистон, аз ҷумла ҳамла ё таҳдид болои онҳо рушди озодии баён дар Қирғизистонро зери суол қарор хоҳад дод.

Вай афзуд, пажӯҳиши ҳодисаҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи журналистон нишон медиҳанд, ки фақат моҳи марти соли равон чаҳор хабарнигор ва то нимаи моҳи июн ду нафар ба ҳамлаи афроди номаълум мувоҷеҳ гардиданд.

Ба таъкиди Бегойим Усенова, фақат таҳқиқи бонатиҷаи ин ҳодисаҳо ва ҳимояи журналистон эътибори ҳукумат ва кормандони хадамоти интизомии Қирғитзистонро дар арсаи байнулмилалӣ боло хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG