Пайвандҳои дастрасӣ

Назари бархе аз аҳзоби Тоҷикистон ба рӯйдодҳои Эрон


Бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар пайванд ба интихоботи президентии Эрон ва пайомадҳои он изҳори назар кардаанд. Ноиби раиси Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон, Давлаталии Давлат ба хабргузории "Авесто" гуфтааст, пирӯзии президенти феълии Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ҷои шубҳа надорад ва баёнгари пуштибонии мардуми Эрон аз сиёсатҳои комёбонаи ӯст. Узви порлумон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Шодӣ Шабдолов низ пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботро шаффоф ва одилона номида, тазоҳуроти ахири эътирозиро ба талошҳои сармоядорони собиқи Эрон бастагӣ дод, ки аз Ғарб авзоъро дар Эрон ноором мекунанд ва мехоҳанд, зимни пешрафтҳои азими иқтисодии Эрон ба кишвари худ баргарданд. Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назрӣ низ гуфтааст, Эрон солҳои охир ба пешрафтҳое даст ёфт, аз ҷумла дар таҳкими равобиташ бо Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG