Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Мӯсавӣ ба тазоҳуроти нав дар Теҳрон


Ба рағми талаби расмии мақомот, Мирҳусайни Мусавӣ номзади шикастхӯрдаи мақоми раёсати ҷумҳури Эрон аз тарафдоронаш даъват кард, ба хотири ҳамдардӣ ба хонаводаҳои онҳое, ки дар вақоъи ахири баъд аз интихоботӣ кушта шуданд, ба тазоҳурот бароянд. Дар як баёнияи муштараки Мирҳусайни Мусавӣ ва Муҳаммади Хотамӣ - раиси ҷумҳури собиқи Эрон аз мақомоти расмӣ хостаанд, то тамоми афроди боздоштшударо раҳо намоянд. Бино ба гузоришҳо, рӯзи чаҳоршанбе низ садҳо нафар дар шаҳри Теҳрон алайҳи натиҷаҳои эъломшудаи интихобот тазоҳурот карданд, ки ба гуфтаи мақомот дар он раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз шудааст.
XS
SM
MD
LG