Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии сарнавишти раиси Кумиссюни Аврупо


Дар шаҳри Брюссел имрӯз нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо шурӯъ шуд. Интизор меравад, дар ин нишаст, кишварҳои узв аз номзадии Хосе Мануел Барросо барои мондан дар мақоми раиси Кумиссюни Аврупо тарафдорӣ кунанд, ки даври аввали раёсати ӯ ба поён мерасад. Сиёсатмадори муҳофизакори Португалия, имрӯз дар нишаст, дурнамо ва барномаи васеъи худ доир ба фаъолияти Кумиссиёни Аврупо дар панҷ соли ояндаро матраҳ хоҳад кард. Интизор меравад дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин масъалаи додани замонатҳои ҳуқуқӣ дар заминаи истиқлолияти Ирландия баррасӣ шавад, то мардуми ин кишварро барои пазируфати Аҳдномаи Лиссабон мойил кунанд. Мардуми Ирландия соли гузашта ба зидди ин аҳднома раъй доданд, ки ҳадаф аз он осонтар кардани тасмимгириҳо дар Иттиҳодияи Аврупо аст. Масъалаи дигари баҳси сарони иттиҳодия шаҳри Брюссел қавитар кардани назорат бар банкҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳронҳои молӣ дар оянда аст.
XS
SM
MD
LG