Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши муваққатии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон


Яаап Де Ҳуп Схеффер – дабири кулли НАТО гуфт, аз 8 то 10 ҳазор сарбози иловагии ин паймони низомӣ мувақаттан ба Афғонистон фиристода хоҳанд шуд, то дар амри таъмини амнияти интихоботи қарибулвӯқъи ин кишвар мусоидат кунанд. Ин сарбозон ба нерӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии НАТО дар Афғонистон мепайванданд. Дабири кулли НАТО рӯзи чаҳоршанбе бо Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот кард, ки яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи август ба шумор меравад. Қарор аст Яаап Де Ҳоп Схеффер – ҳамчунин бо номзадҳои дигар ба мақоми раёсати ҷумҳур, Абдулло Абдулло – вазири собиқи умури хориҷа ва Ашраф Ғанӣ - вазири собиқи молияи Афғонистон мулоқот кунад. Дабири кулли НАТО гуфтааст, бисёр муҳим аст, то интихоботи Афғонистон озод ва шафофу одилона сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG