Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти вакили ироқӣ бо иттиҳоми тарҳрезии сӯиқасд


Маъмурони амниятии Ироқ як нафарро бо иттиҳоми тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони Ҳорис Ал Убайдӣ - як вакили баландпояи порлумони ин кишвар боздошт кардаанд. Мақомот мегӯянд, Аҳмад Обид Убайд рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Бағдод дастгир шудааст. Бино ба гузоришҳои таъйиношуда, ин фард узви Шӯрои Бедорӣ, гурӯҳи суннимазҳаби мусаллаҳ буд, ки тобеъи ҳукумат мебошад. Айни замон ӯ фармондеҳи гурӯҳи тундрави Ироқи Исломӣ ҳам будааст, ки як ҳалқаи Ал-Қоида дар Ироқ хонда мешавад. Ҳорис Ал-Убайдӣ ва муҳофизи ӯро рӯзи ҷумъа ҳангоми аз намози ҷумъа берун шуданашон кушта буданд.
XS
SM
MD
LG