Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико боз ҳам машғули барномаи ҳастаии Эрон хоҳад буд


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, новобаста ба натиҷаҳои бӯҳрони интихоботӣ дар Эрон ҳукумати Барак Обама қасд дорад, дар мавзӯъи барномаҳои атомии Эрон бо ин кишвар музокирот кунад. Ҳамзамон бо ин вазорати умури хориҷаи Амрико, иддаои Эрон дар мавриди мудохилаи Амрико дар моҷароҳои баъд аз интихоботиро рад карда гуфт, ки Амрико доир ба интихобот қазоват намекунад ва танҳо хостори ҳимоят аз ҳаққи тазоҳургарон барои тазоҳуроти осоишта аст. Амрико ва Эрон баъд аз Инқилоби Исломии соли 1979 то кунун робитаи дипломатӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG