Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта дар ойинаи матбуоти кишвар


Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта матолиби ҷолиберо дар бораи воқеоти ахири Тоҷикистон аз қабили боз намудани парванда алайҳи раҳбари собиқи ширкати «Tajik Air» аз сӯи додситонӣ, мурофиаи додгоҳии Тағойназар Солеҳов, бародари вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов, ки тибқи иттилои мақомот, худкушӣ кардаст, ба табъ расонидаанд.

Ҳафтаномаи «Озодагон» менависад, боз намудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҳокимшо Тиллоев, раҳбари собиқи ширкати «Tajik Air», аз сӯи додситонӣ, имкон дорад фаъолияти ношафофи ин ширкати давлатиро рӯшан кунад.

Ба навиштаи ин ҳафтанома, раиси вақти ширкати «Tajik Air» дар замони раҳбарии худ, бо маблағи ин корхона дар хориҷи кишвар барои худ хона харида, қисмате аз ин пулҳоро ба суратҳисоби шахсиаш интиқол додааст. Зимнан Ҳокимшо Тиллоев рӯзи чоршанбе аз сӯи додситонии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯиистифода аз мансаб ва мутаҳамӣ аз рӯи чанд банди дигари Қонуни кайфарии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Ҳафтаномаи «Озодагон» ҳамчунин дар матлабе, таҳти унвони «Мушкили Гул Шералӣ ё мушкили мардум?» аз фаъолияти вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ интиқод кардааст. Ин ҳафтанома навиштааст, дар ҳоле вазорати саноат ва энергетика бояд барномаҳоеро барои пешрафти саноат роҳандозӣ кунад, баръакс таҳти раҳбарии оқои Гул вазъи саноати кишвар мушкилтар шудааст.

Нашрия суол мегузорад, ки чаро корхонаҳои тобеи ин вазорат 16 миллион доллар пули истифодаи газро баргардонида наметавонанду аз ин ҳисоб бархе корхонаҳое, ки истеҳсолашон ба истифодаи газ марбут аст, ҳаҷми тавлидоташонро коҳиш додаанд ва мардум аз камбуди газ азият мекашанд? Ва ё чаро ширкати тобеи ин вазорат «Барқи тоҷик» пули трансфарматорҳои корхонаи трасфарматорбариро намедиҳад ва ин корхона аз бепулӣ имкон дорад, варшикаста шавад?

«Озодагон» менависад, ин дар ҳолест, ки бо гузашти 18 сол аз замони касби истиқлолият соҳаи саноати Тоҷикистон сол аз сол, ба ботлоқи нокомӣ фурӯ меравад ва дар бозори истеъмолии Тоҷикистон ба ҷуз намак ҳеҷ як маҳсули саноати худӣ мушоҳида намешавад.

Рӯзномаи «Наҷот» менависад, ки барканории вазири умури дохилӣ Маҳмадназар Солеҳов аз мансаб ба додситонӣ имкон додааст, ки баъд аз 10 соли ҷиноят бародари ӯ Тағойназар Солеҳовро, ки дар ҷиноятҳои гуногун аз қабили куштори додарарӯсаш гумонбар мешавад, ба додгоҳ кашад. Ба эътиқоди ин нашрия агар вазири умури дохила барканор намешуд, шояд парвандаи Тағойназар Солеҳов ҳамоно баррасиношуда боқӣ мемонд.

«Фараж», ҳафтаномаи мустақил, дар матлабе мустақилияти омбудсмен ё ваколатдори марбут ба ҳуқуқи инсонро таҳти суол бурдааст. Ин нашрия навиштааст, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бояд шахси мустақил бошад, вале дар Тоҷикистон ӯро раисиҷумҳур Раҳмон таъин кардааст. Ба таъкиди ин нашрия, бояд омбудсмен аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон таъин намешуд, ва агар аз ҷониби ҷомеа интихоб мешуд, ва мустақил мебуд, шояд, нақши он дар ҳифзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикитстон муассир мешуд.

Нашрияи мустақили «Пайкон» дар мақолае бо номи «Ҳукумати мӯйсафедон?» аз таъини кадрҳои кӯҳансол ба вазифаҳои давлатӣ ва аз як симат ба симати дигар интиқол ёфтани мансабдорони тоҷик интиқод кардааст. Нашрия ботаасуф менависад, ки ҳукумати Точикистонро аксаран нафароне намояндагӣ мекунанд, ки сину солашон аз 50-сола болост, ва эҳтимол ақидаашон низ чун сину солашон пир шудаву тавонашон барои анҷоми корҳои давлатӣ намерасад.

Ин нашрия таъкид мекунад, ки маҳз ба ин далел, бархе вазироне, ки дар як соҳа солҳои тӯлонӣ роҳбарӣ мекунанд, вазъи соҳаро мушкилтар аз пешина кардаанд. «Пайкон» пешниҳод мекунад, ки бояд афроди ҷавон ба вазифаҳои давлатӣ раҳбар таъин шаванд, ки мағзи тоза барои ҳали мушкилоти кишвар доранд.
XS
SM
MD
LG