Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи ҳалокати вазири собиқ


Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон
Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон

Таҳқиқи сабабҳои ҳалокати собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов аз сӯи гурӯҳи вижаи тафтишотӣ сурат мегирад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд. Навбатдори вазорати умури дохила полковник Ризоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта аъзои ин гурӯҳ то бевақтӣ дар манзили Муҳаммадназар Солеҳов бо шоҳидони ҳодиса сӯҳбат карданд.

Ба иттилои расмӣ, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов шоми 17-уми июн дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даст ба худкушӣ зад. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ин ҳодиса дар ҳоле ба амал омад, ки додситонии кулли кишвар ба ҳабси Солеҳов дастур дода буд.

Ва аммо ба назар мерасад, ки ҳалокати вазири собиқ зери пардаи асрор ниҳон аст. Ва ҳанӯз маълум нест, ки вазири собиқ воқеан даст ба худкӯшӣ задааст ва ё кушта шудааст.

Худойназар, писари 12-солаи Муҳаммадназар Солеҳов дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ баъд аз вуқуи ҳодиса гуфт, ки падарашро куштаанд.

Ба иттилоъи вазорати умури дохилӣ, шоми дирӯз кормандони додситонии кулл вориди манзили Солеҳов шуданд. Ва аммо онҳо агар дастури боздошти вазири собиқро доштанд, чаро аз худкушӣ ва ё куштори вазир ҷилавгирӣ накарданд?

Як ҳамсӯҳбати мо, ки солҳои пеш ҳамроҳ бо Муҳаммадназар Солеҳов кор карда буд, дар як сӯҳбат ва бидуни ифшои ному насабаш гуфт, ки ӯ дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи вазири собиқ шунида буд ва додситонӣ Солеҳовро, аз ҷумла дар сӯиистифода аз мансаб ва берун рафтан аз ваколаташ айбдор мекард. Ин ҳамсӯҳбати мо ҳадс зад, ки куштор шояд тасодуф ҳам бошад – аҷаб нест, ки Солеҳов ба афроди ба манзилаш омада муқовимат карда бошад.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки “чун Муҳаммадназар Солеҳов як шахсияти маъруфи кишвар буд ва дар мақомҳои муҳими давлатӣ ифои вазифа карда буд, ӯ шояд нахостааст, ки дар назди маҳкама мавриди саволу ҷавоб қарор бигирад”. Аз сӯи дигар, меафзояд Муҳиддин Кабирӣ, “аксари шахсиятҳои низомӣ, ба вижа генералҳо, барои худ як кодекс ё ойини нонавишта доранд, ки дар чунин ҳолатҳо аз он истифода мекунанд”.

Муҳаммадназар Солеҳов солҳои тӯлонӣ дар ҳукумати Тоҷикистон мақомҳои калидиро ишғол мекард. Ӯ дар ноҳияи Вахши вилояти Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Баъд аз хатми донишгоҳ муддате ёвари додситони ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ва баъдан додситони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд буд. Баъди сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалии Раҳмон ӯ вазифаи додситони кулли Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Соли 1994 ӯ аз ин мақом барканор ва баъди муддате муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шуд ва дар ин мақом то соли 1996 фаъолият кард. Сипас тайи се сол, яъне аз оғози соли 1997 то миёнаҳои баҳори соли 2000 Муҳаммадназар Солиев раҳбари рафтари раисиҷумҳури Тоҷикистон буд. То бозгашти дубора ба ин мақом дар соли 2004 ӯ дар мақомҳои раиси додгоҳи Қонуни асосӣ ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Ӯ то моҳи январи соли равон вазири умури дохилаи Тоҷикистон буд. То ишғоли курсии вазирӣ дар моҳи декабри соли 2006-ум ӯ раиси дафтари раисиҷумҳури Тоҷикистон буд.

Зимнан, вазири собиқ дар ҳоле худкушӣ кард, ки дар додгоҳи шаҳри Душанбе бозрасии парвандаи бародараш Тағойназар идома дорад. Тағойназар Солиев 17 апрели соли равон аз сӯи кормандони додситонии шаҳри Душанбе боздошт шуда буд. Тафтишот собит кардааст, ки Тағойназар Солиев моҳи декабри соли 1999 дар ҳоли мастӣ аз автомати Калашников, ки ғайриқонунӣ дар манзилаш нигоҳ медошт, бародари завҷааш Далер Фозилов, корманди шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоли Сомониро ҳадафи тир қарор додааст.

Тағойназар Солиев то боздошт раҳбарии терминали гумруки шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт. Коршиносон мегӯянд, боздошти Тағойназар фақат баъди он мумкин шуд, ки бародарашро аз мақоми вазири умури дохила барканор карданд.

Ҳолномаи Муҳаммадназар Солеҳов

Муҳаммадназар Солеҳов 20-уми июни соли 1957 дар шаҳри Қӯрғонтеппе ба дунё омадааст. Соли 1979 шӯъбаи ғойибонаи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Пеш аз ин аз соли 1974 то 1978 хаткашони Додгоҳи собиқ ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе ва баъдан иҷрокунандаи ҳукмҳои Додгоҳи собиқ ноҳияи Марказии Душанбе будааст. Пас аз як муддати кор дар дастгоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 1987 ноиби додситони собиқ вилояти Кӯлоб ва дар соли 1988 додситони ноҳияи Конибодом таъин шудааст. Пас аз шикасти Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба мақоми додситони кулли Тоҷикистон баргузида шуд ва то соли 1995 дар ин вазфиа кор кард. Аз соли 1995 то 1997 ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 1997 то 26-уми апрели соли 2000 сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд. Сипас дар мақоми раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон кор кардааст. Аз 13-уми декабри соли 2003 бори дигар ба мақоми сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва дар моҳи декабри соли 2008 ба курсии вазири умури дохилии Тоҷикистон нишаста, 29-уми январи соли 2009 аз ин мақом барканор гардид. Генерал-майори хидмати дохилӣ, Мушовир давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси хидматнишондодаи Тоҷикистон буд. Дар аввали соли 1993 аз як суиқасд ҷон ба саломат бурда буд. 17-уми июни соли 2009 дар манзилаш дар Душанбе ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG